Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорати Амрико ҳамла ба Абдуллоҳ Ғурбатиро маҳкум кард


Абдуллоҳ Ғурбатӣ
Абдуллоҳ Ғурбатӣ

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон ҳамла ба Абдуллоҳ Ғурбатӣ, хабарнигори "Азия-Плюс"-ро маҳкум кардааст.

Сафорат рӯзи 14-уми май дар изҳороте гуфт, "аз идомаи ҳамлаҳо ба расонаҳои мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус аз ҳамла ба хабарнигори "Азия-Плюс" Aбдуллоҳ Ғурбатӣ изҳори нигаронӣ мекунем."

Дар изҳорот аз мақомоти Тоҷикистон давъат шудааст, ки ҳамлаваронро ёфтаву ба ҷавобгарӣ кашанд.

"Барои рӯзноманигорон шароите таъмин кунед, ки бе тарси интиқом тавонанд корро анҷом диҳанд", - навиштааст Сафорати Амрико.

Пеш аз ин се созмонии ҳуқуқи башар Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон, Дидбони ҳуқуқи башар ва САҲА аз латту кӯби Абдулло Ғурбатӣ нигаронӣ карда, аз мақомоти Тоҷикистон хоста буданд, гунаҳкорони ҳодисаро пайдо ва музоҷот кунанд.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, хабарнигори 23-солаи тоҷик шоми 11-уми май ҳангоми бозгашт ба хона аз сӯи ду фарди ношинос мавриди ҳамла қарор гирифт. Мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, агар хабарнигор ба мақомот муроҷиат карда бошад, "онҳо ҳодисаро таҳқиқ мекунанд."

XS
SM
MD
LG