Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп: муомила бо Чин амали гарон аст


Президенти ИМА Доналд Трамп
Президенти ИМА Доналд Трамп

Президенти ИМА Доналд Трамп дар Твиттер навишт, ки муомила бо Чин як кори хеле гарон аст. "Мо чанде пеш созиши олие кардем, рангҳо нав хушк шудаанд ва ҷаҳон аз вабои Чин ранҷ мебарад", - навиштааст Трамп дар шарҳи паҳн шудани коронавирус.

Раҳбари Кохи сафед ахиран гуфт, созишномаи тиҷории кунунӣ бо Чинро бознигарӣ карданӣ нест. Ба иттилои расонаҳо, Чин имкони бекор кардани созишномаро баррасӣ дошта, мехоҳад дар пасманзари ҳамагир шудани коронавирус дар ИМА ба шартҳои муфидтаре барои худ исрор варзад.

Сенатори ҷумҳурихоҳ Линдсӣ Ҳрэм дар навбати худ пешниҳод дорад, ки лоиҳаи қонуни ҷавобгарӣ барои коронавирус ё худ COVID-19 ба баррасӣ гирифта шавад. Ин қонун ба Трамп ҳақ медиҳад, ки агар Пекин дар бораи пайдоиши коронавирус гузориши муфассал ироа накунад, зидди Чин таҳрим эълом намояд.

Вашингтон ва Пекин миёнаҳои моҳи январи соли равон созишномаи тиҷориву иқтисодиеро имзо карданд, ки афзоиши воридот, аз ҷумла нафт, газ ва ангиштро аз Амрико ба Чин то ба 200 миллиард доллар дар давоми ду соли оянда ва коҳиши боҷи гумрукиро барои молҳои чинӣ пешбинӣ мекунад.

Трамп дар паҳн шудани коронавирус Чинро айбдор мекунад. Президент ва котиби давлатии ИМА бар инанд, ки коронавирус аз як озмоишгоҳи шаҳри Вуҳони Чин хориҷ шудааст. Ҷомеаи иктишофии ИМА дар ин бора расман далелеро пешниҳод накардаанд. Чин иддаоро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG