Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Дидбони ҳуқуқи башар аз латту кӯби хабарнигори тоҷик


Абдуллоҳ Ғурбатӣ
Абдуллоҳ Ғурбатӣ

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз латту кӯби Абдуллоҳ Ғурбатӣ, хабарнигори ҷавони тоҷик изҳори нигаронӣ кардааст. Ин созмон рӯзи 13-уми май дар як изҳорот гуфтааст, мақомоти қудратӣ бояд ҳодисаро таҳқиқ ва афроди ҳамлавар ба хабарнигорро пайдо кунанд.

“Мақомоти қудратӣ бояд ин корро анҷом диҳанд, то рӯзноманигорон тавонанд озодона вазифаҳои касбии худро иҷро намоянд,”-омадааст дар изҳороти Дидбони Ҳуқуқи Башар.

Аз ин пеш ду созмони дигар САҲА ва Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи журналистон ҳам аз мақомоти Тоҷикистон талаб карданд, ки омилони латту кӯби хабарнигор Абдулло Ғурбатиро пайдо ва муҷозот кунанд.

Абдулло Ғурбатӣ, хабарнигори 23-солаи Оҷонси иттилоотии "Азия-Плюс" шоми 11-уми май аз сӯи афроди номаълумот дар роҳ ба манзили зисташ латту кӯб шуд.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар бораи латту кӯби хабарнигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ расман изҳорот надодаанд. Танҳо Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 12-уми май дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "агар хабарнигор ба мақомот муроҷиат карда бошад, ҳатман ҳодисаро таҳқиқ мекунанд."

XS
SM
MD
LG