Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Андоз аз даромад барои "қишри миёна"-и Қазоқистон дар сатҳи 10% мемонад


Яке аз бозорщои Алмато
Яке аз бозорщои Алмато

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон гуфт, пешниҳоди вай дар бораи ҷорӣ кардани низоми андозбандии прогрессивӣ ҳаҷми кунунии андоз аз даромадро барои "қишри миёна" тағйир нахоҳад дод.

Бар асоси қонунгузории ҷорӣ, аз маоши сокинони Қазоқистон 10 дарсад ҳамчун андоз аз даромад ситонида мешавад.

"Бино бар фаҳмиши ман, агар шаҳрванд 250-300 ҳазор танга (наздики 600-700 доллар) даромад дошта бошад, пас вай набояд 10 дарсад андоз аз даромад пардозад, балки барои мисол, 7 дарсад хоҳад пардохт. Аммо қишри миёна мисли пешин 10 дарсад пардохт хоҳад кард. Шартан мешавад гуфт, касоне, ки аз 300 ҳазор танга то 1,5 миллион ва ё аз он бештар даромад доранд, 10 дарсад пардохт мекунанд", - гуфт Тоқаев.

Вай илова кард, шаҳрвандоне, ки бештар аз 25 миллион танга дар сол даромад доранд, зиёда аз 10 дарсад андоз аз даромад пардохт хоҳанд кард. "Комисияи кории давлатӣ муайян мекунад, ки аз ин табақа чи қадар андоз ситонида мешавад. Ин 13 ё 15 дарсад хоҳад буд, дар ҳар сурат, на бештар аз 15 дарсад муқаррар хоҳад шуд", - гуфт Тоқаев.

Пешниҳоди Тоқаев дар бораи ҷорӣ кардани андозбандии прогрессивӣ аз сӯи корбарони шабакаҳои иҷтимоии Қазоқистон танқид шуд.

Пештар аз ин президенти Қазоқистон дастур дод, ки масъалаи роҳандозии низоми андозбандии прогрессивӣ аз даромади шахсиро дар ин кишвар омӯзанд ва коркард кунанд.

Дар ҳоли ҳозир дар Қазоқистон ҳаҷми андоз аз даромади шахсӣ ё музди меҳнат 10 дарсадро ташкил медиҳад.

"Фикр мекунам, замони ҷорӣ кардани системаи андозбандии прогрессивӣ аз маош ва даромадҳои дигари шахсӣ фаро расидааст. Ин маънои онро дорад, ки шаҳрвандони дорои музди меҳнати кам нисбат ба имрӯза камтар андоз хоҳанд супурд ва шахсони дорои маоши баланд андози бештар месупоранд", - изҳор дошт Тоқаев.

Президенти Қазоқистон ҳамчунин дастур дод, ки сохтори нави иқтисоди ин кишварро "фавран" ташкил карда, дар бахши энергетика бо такя ба энергетикаи "сабз" ислоҳот гузаронида шавад.

Дар Қазоқистон ҳанӯз то соли 2007 системаи андозбандии прогрессивӣ амал мекард, вале онро тағйир дода, ҳаҷми андоз аз даромадро барои ҳама якхел муайян карданд.

XS
SM
MD
LG