Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъд аз Google ва Netflix, Apple ҳам ба Узбекистон андоз мепардозад


Сарватмандтарин ширкат дар таърих - Apple - тасмим гирифт, ки ба Узбекистон ба маблағи 59,2 ҳазор доллар андоз диҳад. Ин миқдор андоз барои семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба ҳисоб меравад.

Кумитаи давлатии андози Узбекистон рӯзи 11-уми май хабар дод, ки ширкати Apple довталабона ба ҳайси пардохткунандаи андоз аз арзиши иловашуда сабти ном шудааст.

Дар Узбекистон аз аввали имсол тартиби пардохти андоз аз арзиши иловашуда ба ширкатҳои хориҷие муқаррар шудааст, ки ба шахсони воқеӣ хизматрасонӣ анҷом медиҳанд.

Кумитаи андози Узбекистон гуфт, бар асоси ин муқаррарот 10 ширкати хориҷӣ ҳамчун расонандаи хадамоти электронӣ дар Узбекистон сабти ном шудаанд.

Пештар аз ин хабар расид, ки ширкати Google дар поёни семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба Узбекистон дар ҳаҷми 85 ҳазор доллар андоз пардохтааст.

Ширкати Netflix ҳам ба Узбекистон 4,3 ҳазор евро андоз пардохт кардааст.

XS
SM
MD
LG