Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дмитрий Песков, сухангӯи Путин, ба коронавирус мубтало шудааст


Дмитрий Песков
Дмитрий Песков

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремлин ва яке аз шахсони наздик ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба бемории ҳамагири COVID-19 мубтало шудааст.

Расонаҳои Русия рӯзи 12-уми май навиштанд, ки ӯ феълан дар бемористон муолиҷа мегирад. Дар бораи чигунагии вазъаш гузориш дода намешавад.

Худи Песков ба расонаҳо гуфтааст, "бале, ман бемор шудам ва табобат мегирам".

Дмитрий Песков яке аз шахсони наздиктарин ба Путин аст ва ҳар рӯз мавқеи Кремлин ва президенти Русияро дар масоили мухталиф ба матбуот шарҳ медиҳад.

Охири моҳи апрел Михаил Мишустин, нахуствазири Русия эълом кард, ки гирифтори коронавирус шудааст ва аз ин рӯ худро карантин кардааст. Баъдан вазири фарҳанг Олга Любимова ва вазири сохтмон Владимир Якушев низ ба ин беморӣ мубтало шуданд.

Бино ба омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, то 12-уми май дар Русия беш аз 230 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шуда, зиёда аз 2100 нафар ҷон бохтаанд. Дар бораи сиҳат шудани беш аз 43 ҳазор кас аз ин беморӣ гузориш мерасад.

Русия аз рӯйи шумори гирифторони COVID-19 баъд аз Амрико дар ҷойи дувум меистад.

XS
SM
MD
LG