Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дари кошонаҳои ҳуснро бастанд. Маҳдудиятҳои нав дар Душанбе


Яке аз калонтарин бозорҳои Душанбе "Корвон" ҳам то охири моҳ баста мемонад
Яке аз калонтарин бозорҳои Душанбе "Корвон" ҳам то охири моҳ баста мемонад

Кори сартарошхонаву кошонаҳои ҳусн, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи мошин дар шаҳри Душанбе то 31-уми май қатъ шудааст. Шаҳрдорӣ мегӯяд, ин кор бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши бемории COVID-19 мебошад.

Ба иттилои шаҳрдории Душанбе, масъулони кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи мошинҳо вазифадор шудаанд, то охири моҳ дар коргоҳҳои худ корҳои зиддиуфунӣ анҷом диҳанд.

Аз ин пеш ҳукумати Душанбе фаъолияти ҳамаи бозорҳои фурӯши либосвориро аввал то 10-уми май ва баъдан то охири моҳ манъ кард.

Душанбе яке аз минтақаҳои Тоҷикистон мебошад, ки гирифторони бемории COVID-19 дар он зиёд ба қайд гирифта шудааст. Тибқи омори расмӣ дар кулли ҷумҳурӣ то имрӯз коронавирус ба 661 нафар сироят карда, боис ба марги 21 нафар шудааст. Иддае ба омори расмии мақомот бо шубҳа менигаранд.

XS
SM
MD
LG