Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони Белорус аз иштирок дар интихоботи президентӣ даст кашиданд


Александр Лукашенко аз соли 1994 президенти Белорус аст
Александр Лукашенко аз соли 1994 президенти Белорус аст

Ду ҳизби сиёсии Белорус, ки худро мухолифи президент Александр Лукашенко меноманд, аз иштирок дар интихоботи президентии ин кишвар даст кашиданд. Сухан аз ҳизбҳои "Ҷабҳаи мардумии Белорус" ва "Ҷаҳони одил" меравад.

"Баргузории маъракаҳои интихоботӣ дар шароити ҳамагир шудани коронавирус хатарнок ва бемасъулиятӣ аст. Ин ҳам дар ҳоле, ки кишварҳои дигари аврупоӣ тасмими ба таъир гузоштани интихоботро асоснок мешуморанд", - изҳор доштанд масъулони "Ҷабҳаи мардумии Белорус" дар нишасти онлайнии худ.

Намояндагони "Ҷаҳони одил" созмондиҳандагони интихоботи президентӣ дар Белорусро "ҷинояткор" номиданд.

"Баргузории маъракаҳои интихоботӣ дар давоми се моҳи оянда дар шароити авҷ гирифтани бемории коронавирус саломатӣ ва ҳаёти шумори зиёди сокинонро зери хатар мегузорад", - омадааст дар изҳороти ҳизб.

Пештар бахши белорусии Радиои Озодӣ хабар дод, панҷ ҳизби мухолифе, ки мехостанд дар интихоботи президентӣ номзади ягонаеро пешниҳод кунанд, аз баргузории маъракаҳои худ дар минтақаҳо даст кашиданд.

Палатаи поёнии порлумони Белорус ҳафтаи гузашта санаи интихоботи президентии навбатии ин кишварро рӯзи 9-уми август таъйин кард. Аллакай Лукашенко, ки аз соли 1994 ба ин сӯ кишварро раҳбарӣ дорад, номзадии худро пешниҳод кардааст.

Дар Белорус то ҳол ҳудуди 23 ҳазор ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус қайд шуда, 131 кас вафот кардаанд.

XS
SM
MD
LG