Сарвазирони Узбекистону Қазоқистон -- Абдулло Орипов ва Аскар Мамин дар ноҳияи селзадаи Мақтаарали вилояти Туркистон дидору гуфтугӯ карданд.
Ба огаҳии хадамоти матбуотии ҳукумати Қазоқистон, раҳбарони ҳукуматҳои ду кишвар аз маҳаллаҳои селзада боздид карда ва бо раванди бартарафсозии оқибатҳои сел шинос шудаанд.
Дар бартарафсозии оқибатҳои сел беш аз 1300 нафар, 220 техника, аз ҷумла беш аз 200 мутахассис ва ҳудуди 100 техникаи гуногун аз Узбекистон иштирок доранд.
Раҳбарони ҳукуматҳои Узбекистону Қазоқистон дар Мақтаарал бо нақшаи бунёди маҳаллаи нав ошно шуда, бо сокинони маҳаллӣ мулоқот ва дар гузоштани санги асоси нахустин манзилҳо дар маҳаллаи Мирзоканд иштирок кардаанд.
Қарор аст, дар маҳаллаи Мирзоканди осебдида барои 500 хонавода манзили зист, мактаб, боғча ва бунгоҳи тиббӣ бунёд карда шавад.
Сарбанди обанбори Сардобин дар вилояти Сирдарёи Узбекистон соати 5:55 дақиқаи субҳи 1-уми май рахна ва манзилҳои атрофи обанборро зер кард. Дар натиҷаи он ноҳияи Мақтаарали Туркистони Қазоқистон низ осеб дида, беш аз 30 ҳазор одам ба ҷои бехавф кӯчонида шуданд. Садҳо хона ва ҳазорҳо гектар замини корам зери об монданд. Қазоқистон ҳаҷми хисороти селро беш аз 1 млн. доллар номид.