Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сардухтури бемористони Рашт аз олимон хост, таркиби доруро санҷанд


Қобилҷон Гиёев
Қобилҷон Гиёев

Қобилҷон Гиёев, сардухтури бемористони марказии ноҳияи Рашт, аз олимон даъват кард, ки таркиби доруи зидди пневмонияи бузҳоро санҷанд. Вай иддао дорад, вазъи саломати чанде аз бемороне, ки аз илтиҳоби шуш ранҷ мебурданд, пас аз истифодаи ин дору рӯ ба беҳбуд овардааст.

Гиёев рӯзи 11-уми май гуфт, аз сездаҳ нафаре, ки дар шуъбаи бемориҳои сироятӣ бистарӣ буданд, "вазъи 3 нафар вазнин буд ва зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ қарор доштанд. Баъди гузаронидани ин дору вазъашон беҳтар шуд".

Сардухтури бемористони марказии ноҳияи Рашт мегӯяд, таҷрибаҳояш нишон дод, ки ин дору натиҷаҳои хуб медиҳад ва ӯ аз олимону пажӯҳишгарон мехоҳад ҳар чӣ зуд таркиби онро санҷанд.

"Ба фикрам, санҷида ва пас аз он барои истифода тавсия додан зарур аст, то мардум хуб шаванд", -- иброз дошт Қобилҷон Гиёев.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи Радиои Озодӣ гуфт, ки Гиеёв барои табобати милисаҳои бемор ба бемористони низомӣ даъват шудааст. Қобилҷон Гиеёв ин хабарро тасдиқ ё рад накард ва нахост дар ин бора суҳбат кунад.

Ӯ танҳо аз ин дору ба такрор ситоиш кард, ки метавонад беморонро шифо бахшад.

Радиои Озодӣ ба далели он ки фоидаи ин дору исбот нашудааст, аз нашри номи он худдорӣ меварзад.

Доруе, ки аз он Гиёев истифода кардааст, дар Ҳолланд истеҳсол шудааст ва барои давои бемориҳои роҳҳои нафаси чорвои калон ва хурд истифода мешавад. Ин дору дар феҳрасти Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ сабт шудааст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, барои муолиҷа аз COVID-19 дастурамали махсус омода кардааст, ки табибон бояд бар пояи он амал кунанд.

XS
SM
MD
LG