Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бишкек вазъи фавқулода қатъ, вале карантин ҷорӣ мешавад


Ноҳияи Сузак дар Ҷалолобод. 4 апрели соли 2020
Ноҳияи Сузак дар Ҷалолобод. 4 апрели соли 2020

Вазъи фавқулодае, ки дар минтақаҳои муайяни Қирғизистон эълом шуда буд, рӯзи 10-уми май ба поён расида, соати комендантӣ низ қатъ хоҳад шуд. Вале ба иттилои Ситоди ҷумҳуриявии Қирғизистон барои мубориза бо коронавирус, ҳолати изтирорие, ки 22-юми март эълом шуда буд, идома хоҳад ёфт.

Ба огаҳии ситод, постҳои санитарию карантинӣ то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ фаъолият хоҳанд кард ва маҳдудияти сафар аз як вилоят ба вилояти дигар низ амал карда, назорат пурзӯр мешавад.

Ҳамчунин дар шаҳрҳои Бишкек, ноҳияи Ат-Башини вилояти Норин ва ноҳияи Чаткали вилояти Ҷалолобод ба хотири бад будани вазъи эпидемиологӣ карантин ҷорӣ хоҳад шуд, вале ситод дақиқ нагуфтааст, ки кадом маҳдудиятҳо роҳандозӣ мешавад.

Муовини сарвазири Қирғизистон Қубодбек Боронов аз корхонаҳое, ки сар аз рӯзи 11-уми май ба кор медароянд, даъват кард, то меъёрҳои санитариро ҷиддан риоя кунанд. Ба гуфтаи ӯ, дар сурати бад шудани вазъ эҳтимоли эълом шудани вазъи фавқулода вуҷуд дорад.

Дар Қирғизистон то рӯзи 10-уми май 1002 ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуда, бештари онҳо дар Бишкек ошкор гаштаанд.

XS
SM
MD
LG