Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду вакили амрикоӣ амалкардҳои Толибонро суолбарангез хонданд


Элиот Анҷел ва Майкл Маккол
Элиот Анҷел ва Майкл Маккол

Чанд узви баландпояи Кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси намояндагони Амрико гуфтаанд, ки афзоиши хушунат дар Афғонистон суолҳоеро доир ба садоқати Толибон ба созише, ки бо Амрико имзо карданд, ба миён овардааст. Элиот Энҷел, раиси кумита аз Ҳизби демократ ва Майкл Маккол аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ гуфтанд, “афзоиши муҳиб”- и хушунат дар Афғонистон, “нақзи ғайриқобили қабули” созиши сулҳи Амрикову Толибон аст, ки рӯзи 29-уми феврал имзо карданд.

Ҳарду вакил дар як баёнияи муштараки расмӣ дар рӯзи 8-уми май гуфтаанд: “Ҳамлаҳои мудавоми Толибон ба нерӯҳои Афғонистон суоле бармеангезад, ки оё Толибон аҳдҳояшонро иҷро хоҳанд кард, ё пешрафт ба самти сулҳро ба хатар меандозанд ва монеи ҳаракати музокирот ба пеш мешаванд.”

Дар баёния ҳамчунин омадааст, ки афзоиши хушунат бо густариши босуръати коронавирус ҳамзамон сурат мегирад ва дар чунин шароит ҳукумати Афғонистон натавонистааст, ба рафъи бӯҳрон тамаркуз кунад. . Элиот Энҷел ва Майкл Маккол аз тамоми тарафҳо хостаанд. Ҳамлаҳоро бас кунанд, ба созиши оташбас бирасанд ва барои расидан ба сулҳ мусоидат кунанд.

XS
SM
MD
LG