Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз Самарқанд то Детройт". Дарси ҳамсоядорӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ. ВИДЕО


"Аз Самарқанд то Детройт ё C5+1 чист?" номи филми мустанадест, ки хабарнигорони тоҷику узбек офаридаанд. Саҳнаҳои филм моҳи феврали имсол дар Иёлоти Муттаҳида забт шудааст.

Фаррух Аҳроров, хабарнигори тоҷик ва коргардони филми 25-дақиқаӣ, мегӯяд, паёми асосияшон чашмандозе ба ҳамкориҳои фоидаовари кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳалли мушкилоти умумии минтақа, аз ҷумла муҳити зисту беҳбуди шароити тиҷорат ва ҷалби сармоягузорист. ​

Фаррух Аҳроров
Фаррух Аҳроров

"Ҳозир мебинем, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ барои наҷоти худ аз COVID-19 дарвозаҳояшонро ба рӯйи якдигар бастаанд. Ин чӣ гуна ҳамсоягист? Ҳадафи асосии мо ин буд, ки ба Амрико равем, бубинем, ки бо ҳамсояҳояш -- Канада ва Мексика -- чӣ гуна ҳамкорӣ дорад. Бо иқтисоддонҳо, марзбонҳову маъмурони гумрук суҳбат кардем. Хостем намунаи беҳтари ҳамкориро барои ҳамсояҳо нишон диҳем", - гуфт Аҳроров рӯзи 7-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Муаррифи кӯтоҳи филми мустанад:

Муаллифони филм намунаи ин ҳамкориҳои Амрикоро бо кишварҳои ҳамсояаш дар шаҳри бандарии Детройт, дар шимоли Иёлоти Муттаҳида ва ҳаммарз бо Канада, ҷустаанд.

Фаррух Аҳроров мегӯяд, "дар як бандари гумрукии байни Амрикову Канада дар шабонрӯз ба маблағи 500 миллион доллар бор табодул мешавад. Ана, муносибат бояд чӣ хел бошад. Мумкин аст, кишварҳои Осиёи Миёна байни ҳам дар як сол ҳамин қадар тиҷорат кунанд. Хостем шеваҳои ин ҳамкориҳоро бозгӯ кунем."

Самарқанд шаҳре машҳур дар Узбекистон, ки дар унвони филм омадааст, моҳи ноябри соли 2015 мизбони мулоқоти аввали раҳбарони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико зери унвони "С5+1" буд.

Аз ҳамон вақт ин нишаст ҳар сол баргузор мешавад. Ҳадафи асосии он дидору мулоқот ва рушди ҳамкориҳои минтақаӣ ва ҳам равобити иқтисодиву амниятии Осиёи Марказӣ бо Амрико аст.

Филмро Аскар Ёқубов ва Баҳодур Расулов аз Узбекистон ба навор гирифтаанд. Харҷи филм ва сафари коргардону наворгирон ва муаллифони дигари филмро Вазорати умури хориҷии Амрико додааст.

Фаррух Аҳроров мегӯяд, густариши COVID-19 дар Осиёи Марказӣ таҳия ва банду басти филмро ба ақиб андохт, вале умед дорад, ки ба зудӣ ин корро анҷом медиҳанд ва бепул дар шабакаи ҷаҳонӣ ва телевизионҳои маҳаллӣ ба тамошо мегузоранд.

XS
SM
MD
LG