Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси Ҷабборов барои саҳнаи шӯхиомези коронавирус дароз шуд


Кароматулло Ҷабборов дар додгоҳ
Кароматулло Ҷабборов дар додгоҳ

Додгоҳи ноҳияи Черемушки Маскав муҳлати ҳабси пешакии Кароматулло Ҷабборов, шаҳрванди Тоҷикистон ва ширкаткунанда дар саҳнаи шӯхиомези коронавирус дар метрои Маскавро ду моҳи дигар дароз кард.

Хабаргузории ТАСС бо такя ба қавли мақомоти додгоҳ навишт, ки "Ҷабборов то 8-уми июл дар боздоштгоҳ мемонад".

Ӯро рӯзи 8-уми феврали имсол, дар пайи ташкили саҳнаи шӯхиомез ва сабти "пранк" дар вагони метрои Маскав, дастгир карданд.

Дар ин саҳна ҷавоне аз ҳуш меравад ва ҳамроҳонаш фарёд мезананд, ки ӯ ба вируси хатарноке гирифтор аст. Ин ҳолат дар байни мардум воҳима андохтааст. Сабти ин лаҳзаро дар Интернет гузоштаанд.

Кароматулло Ҷабборов ба авбошӣ бо маслиҳати пешакӣ муттаҳам аст. Ин амр ба хотири он сурат гирифтааст, ки дар ин амал чанд нафар ширкат кардаанд. Ба ӯ то ҳафт соли маҳрумӣ аз озодӣ таҳдид мекунад.

Мақомот мегӯянд, феълан яке аз ҳамроҳони ӯро меҷӯянд.

XS
SM
MD
LG