Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 6 шаҳрванди Узбекистон дар сӯхторе дар наздикии Маскав


Маҳалли сӯхтор
Маҳалли сӯхтор

Дар сӯхтори як манзили хусусӣ дар ноҳияи Рамени наздикии шаҳри Маскав шаш кас ҳалок шуд. Ба иттилои расмӣ, се мард ва се зани ҳалокшуда шаҳрвандони Узбекистон буданд.

Оташ соати чаҳори субҳи 5-уми май сар задааст, хабар медиҳанд мақомоти оташнишонии Русия.

Пулиси ноҳия Рамен дар пайи ин оташсӯзӣ бо банди "Куштори барқасдонаи ду ва ё зиёда одамон" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

"Ба иттилои пешакӣ, ноқилҳои барқӣ сабаби сар задани оташ шудаанд. Гуфта мешавад, дар ин бино 26 шаҳрванди хориҷӣ истиқомат мекард. Ҳузури қонунии онҳо дар Русия санҷида мешавад", - хабар дод навбатдори кумитаи тафтишотии вилояти Маскав.

Дар интерет навори ҷои сӯхтор нашр шуд.

XS
SM
MD
LG