Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ гуфт, овозаҳо дар бораи коронавирус ҷавобгарӣ дорад 


Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон
Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон

Додситонии кулли Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки паҳн кардани овозаву хабарҳои беасос дар бораи коронавирус дар кишвар ҷавобгарӣ дорад.

Мақомот 6-уми май бо пахши изҳорот гуфтанд, "дар сурати паҳн кардани овозаҳои бардурӯғ дар ин бора, ба хотири ба таҳлука овардани аҳолӣ, нисбат ба нафарони паҳнкунанда чораҳои қонунӣ андешида мешавад".

Додситонии кул "зиёд шудани фавт, болоравии нархҳо, камчин шудани маҳсулоти аввалия, баста шудани роҳҳои байни минтақаҳои ҷумҳурӣ"-ро аз ҷумлаи овозаҳои бардурӯғ хонда, аз мардум хостааст, бовар накунанд. Ҳушдори Додситонии кулли Тоҷикистон дар ҳолест, ки бисёриҳо омори расмиро дар бораи гирифторони коронавирус ва фавтидагон зери шубҳа мегузоранд. Чун, ба гуфтаи онҳо, мақомот тақрибан як моҳ марги пайиҳами чандин сокини кишварро ба илтиҳоби шуб рабт дода, мавҷудияти коронавирусро рад карданд.

Танҳо 30-юми апрел аз сирояти якбора понздаҳ нафар ба COVID-19 дар Тоҷикистон гузориш шуд. Ин рақам ҳар рӯз дар ҳоли афзоиш аст. Ба иттилои расмӣ, то кунун 379 нафар ба коронавируси нав сироят шуда, 8 нафар фавтидаанд.

Болоравии нархи маҳсулот низ, ба гуфтаи сокинон, бофтаи касе нест, балки ҳақиқати ошкор аст, ки мақомот метавонанд дар бозорҳои ҷумҳурӣ бубинанд.

Аз ин пеш Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба хабарнигорон ҳушдор дода буд, ки барои паҳн кардани "маълумоти носанҷида дар бораи сирояти коронавирус" онҳоро ба дасти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ месупорад.

Хабарнигорон мегӯянд, масъулон ба суолҳо саривақт посух намедиҳанд ва ин вазъ боис ба сарусадоҳо дар байни ҷомеа шудааст.

Хабарнигорон мегӯянд, баръакси кишварҳои минтақа Ситоди ҷумҳуриявии Тоҷикистон ба муқобила бо коронавирус сухангӯву сомонаи вижа надорад ва барои посух гуфтан низ дастрас нест.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар як рӯз танҳо як бор дар бораи шумори гирифторон ва фавтидагон иттилоъ медиҳад, вале ошкор намекунад, ки гирифторон дар кадом шаҳру ноҳияҳо ҳастанд ва минтақаҳои орӣ аз коронавирус кадоманд.

XS
SM
MD
LG