Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танаффус дар мусобиқоти футболи Тоҷикистон то вақти номуайян дароз шуд


Федератсияи футболи Тоҷикистон ба далели густариши бемории COVID-19 тасмим гирифт, танаффуси бозиҳо миёни дастаҳои лигаи олӣ дар қаҳрамонии кишвар ва мусобиқоти дигарро ба муҳлати номуайян дароз кунад. Қаблан мусобиқот то 10-уми май қатъ шуда буд.

Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, ҳамаи мусобиқаҳо ва чорабиниҳои футбол дар кишвар дар замони наздик аз сар гирифта намешаванд ва ҳамон замоне барпо мегардад, ки гузаронидани онҳо бехатар бошад.

Мақомот мегӯянд, ба иллати пандемияи коронавирус намехоҳанд саломатии иштирокдорони мусобиқаҳои футболро дар Тоҷикистон зери хавф гузорад.

Дар ҳоле ки бозиҳои футбол дар саросари ҷаҳон муваққатан қатъ шуда буд, дар Тоҷикистону Беларус, Бурунди, Туркманистон ва Никарагуа мусобиқаи футбол идома дошт. Бозиҳо дар варзишгоҳҳои кишвар бе ҳузури тамошогарон мегузашт. Ҳоло Тоҷикистон аз ин феҳраст хориҷ шуд. Мақомот рӯзи 30-юми апрел сирояти коронавирус ба сокинонро тасдиқ карданд.

Зимнан, баъди натиҷагирии чор даври қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар ҷадвали мусобиқа дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хатлон»-и Бохтар бо 10-имтиёзӣ пешсафанд. Бо дарназардошти таносуби тӯбҳо «Истиқлол» дар ҷойи аввал ва «Хатлон» дар ҷойи дувум қарор доранд. «Файзканд»-и Восеъ, ки 8 имтиёз гирифтааст, ҷойи севумро касб намудааст.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

4

3

1

0

17-3

10

2

«Хатлон» (Бохтар)

4

3

1

0

10-7

10

3

«Файзканд» (Восеъ)

4

2

2

0

7-5

8

4

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

4

2

1

1

8-6

7

5

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

4

1

2

1

5-7

5

6

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

4

1

1

2

7-6

4

7

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

4

1

1

2

6-8

4

8

«Душанбе-83» (Душанбе)

4

1

1

2

2-9

4

9

ССКА (Душанбе)

4

1

0

3

5-8

3

10

«Истаравшан» (Истаравшан)

4

0

0

4

3-11

0

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 7 тӯб, Худойдод Узоқов («Хатлон») – 4 тӯб, Шериддин Бобоев, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол»), Парвиз Боқиохунов («Хатлон»), Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ») – 3-тӯбӣ.

XS
SM
MD
LG