Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфт, ҳайати ин созмон, ки дар Душанбе қарор дорад, рӯзи 6-уми май вазъи шифохонаҳо, озмоишгоҳҳои тиббӣ ва дигар муаасисаҳоро таҳқиқ мекунанд, ки то чӣ ҳад омодаи муқобила бо бемории COVID-19 ҳастанд.
Дар дафтари матбуоти ин созмон аз шаҳри Женева рӯзи 6 – уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мутахассисони созмон ҳамчунин ба парваришгоҳҳои кӯдакону наврасон, хонаҳои пиронсолон мераванд ва ҳамроҳ бо намояндагони дигар муассисаҳои Созмони Милал бо вазъи зиндонҳо ва паноҳгоҳҳои муҳоҷирон ошно мешаванд.
Патрик О.Коннор, раҳбари ҳайати табибон ва мутахассисон рӯзи 5–уми май гуфт, “Ҳадафи мо кӯмак ба мақомоти Тоҷикистон дар мудирият аз пешгирӣ аз густариши вирус аст. Мо ҳадаф дорем, бо мақомоту мутахассисон ва шариконамон мулоқот кунем, хатарҳоро бифаҳмем, бо авзоъ дар маҳалҳо ошно шавем ва механизми вокуниш барои муҳофизати мардуми тоҷикро таҳия кунем.”
Ҳайати Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи 1–уми май вориди Душанбе шуд ва то кунун бо Қоҳир Расулзода, нахуствазир ва раҳбари Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз густариши COVID-19 дар Тоҷикистон мулоқот анҷом додааст. Вазорати тандурустӣ гуфт, ки то рӯзи 6-уми май 397 мавриди сирояти короновируси навро сабт кардааст ва аз ин беморӣ 7 нафар дар кишвар ҷон додаанд.
Мутахассисон мегӯянд, омори расмӣ баёнгари воқеии миқёси густариши беморӣ нест ва садҳо мавриди сирояти бемории "илтиҳоби шуш" дар моҳҳои гузашта ғолибан коронавируси нав ҳастанд, ки ҳукумат нахостааст, ошкор кунад.