Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон мафҳуми "оппозитсияи порлумонӣ"-ро қонунӣ кард


Вакилони порлумони Қазоқистон
Вакилони порлумони Қазоқистон

Порлумони Қазоқистон рӯзи чаҳоршанбе мафҳумҳои "оппозитсияи порлумонӣ" ва "аксарият дар порлумон"-ро ба қонун ворид кард.

Тағйирот ба қонуни конститутсионӣ "Дар бораи порлумони Қазоқистон ва мақоми вакилони он" интихоб шудани намояндагони мухолифинро ба мақоми раисии як кумитаи доимамалкунанда ва котибҳои ду кумитаи дигар замонат медиҳад.

Меъёрҳои пешниҳодӣ ҳамчунин ба вакилоне, ки ба ҳайати ҳизби ҳоким шомил намешаванд, ҳаққи иловагии раъй, ташаббуси баргузор кардани ҷаласаи порлумонӣ ва соатҳои ҳукуматиро дода, раҳбарони ҷиноҳҳо метавонанд дар ҷаласаҳои якҷояи палатаҳо баромад намоянд.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 20-уми декабри соли гузашта дар ҷаласаи Шӯрои боварии ҷомеа як қатор пешниҳодҳоеро ироа кард, ки "ба тағйироти сиёсӣ дар кишвараш сабаб хоҳанд шуд". Ду пешниҳод ба тағйири қонуни интихобот ва ҳизбҳои сиёсӣ дахл доштанд.

Порлумони Қазоқистон моҳи гузашта тағйиру иловаҳо ба қонунҳо дар бораи интихобот ва ҳизбҳои сиёсиро қабул кард, ки шумори ҳатмии узвҳоро ҳангоми сабти номи ҳизби сиёсӣ аз 40 ҳазор то ба 20 ҳазор кам кард. Вале интиқодгарон гуфтанд, ин тағйирот ба номзадҳои мустақил ҳаққи пешбарии номзадии худро намедиҳад.

Дар Қазоқистон расман шаш ҳизби сиёсӣ ба қайд гирифта шудааст. Се ҳизб, Ҳизби "Нур Отан" ба раҳбарии президенти пешин Нурсултон Назарбоев, Ҳизби "Оқ жол" ва Ҳизби коммунистии Қазоқистон дар порлумон намоянда доранд.

XS
SM
MD
LG