Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Киев Януковичро ғоибона ду моҳ ба ҳабс гирифт


Виктор Янукович, президенти пешини Украина аз сӯи додгоҳи шаҳри Киев ду моҳ ғоибона ба ҳабс гирифта шуд.

Додгоҳи ноҳияи Печери шаҳри Киев рӯзи 4 май дархости додситониро дар бораи ҳабси президенти пешин қонеъ кард.

Ҳабси Янукович дар доираи таҳқиқи парвандаи марбут ба сӯистифода аз мақом сурат мегирад.

Александр Супрун, муфаттиши парвандаи мазкур гуфт, ҷониби айбдоркунанда исбот кард, ки Янукович дар ҳудуди Русия пинҳон шудааст.

Додгоҳи ноҳияи Печер парвандаи дигари марбут ба Януковичро баррасӣ мекунад. Парвандаи дувум ба ҳодисаҳои 18-20 феврали соли 2014 марбут аст. Он рӯзҳо дар Киев шадидтарин задухурди мардуми эътирозгар ва нируҳои вижа сурат гирифт. Янукович аз кишвар фирор ва ҳукумат дар Киев иваз шуд. Баъди ин ҳодиса Русия Қримро ғасб кард ва дар ҷанубу шарқи Украина низоъ барангехт.

XS
SM
MD
LG