Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи раҳбарони Тоҷикистону Узбекистон дар бораи Сардоба ва коронавирус 


Раҳбарони Тоҷикистону Узбекистон. Акс аз моҳи августи 2018
Раҳбарони Тоҷикистону Узбекистон. Акс аз моҳи августи 2018

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев гуфтугӯи телефонӣ кардааст. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон 5-уми май гуфт, дар суҳбат масъалаи рахна шудани обанбори Сардоба дар вилояти Сирдарё баррасӣ шуд.

Сарбанди обанбори Сардоба субҳи 1-уми май рахна шуд ва манзилҳои атрофи обанборро зер кард.

Мансабдорони Узбекистон мегӯянд, шамоли сахт гӯё боиси рахна шудани қисмати поёнии сад гаштааст. Коршиносон дар умури сохтмону обанбор сабаби рахна шудани садди обанборро "натиҷаи коррупсия, монополия ва дуздӣ" номиданд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, "дар Тоҷикистон ҳодисаҳоро дар вилояти Сирдарёи Узбекистон бо ҳамдардии амиқ пайгирӣ мекунанд".

Ду тараф вазъи ҳозираи эпидемиологии минтақа ва ҷаҳонро низ баррасӣ карда, ба қавли хадамоти матбуот, "бо ҳамдигар дар бораи вазъияти ду кишвар дар робита ба паҳншавии сирояти коронавируси нав табодули иттилоот намуданд".

Узбекистон охири моҳи март мавҷудияти коронавирусро дар ин кишвари Осиёи Марказӣ тасдиқ кард ва марзҳояшро баст. То ин дам дар Узбекистон беш аз 2200 нафар ба коронавируси нав сироят шуда, даҳ нафар ҷони худро аз даст додаанд. Беш аз 1500 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд.

Теъдоди гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон рӯзи 5-уми май ба 293 нафар расида, панҷ нафар аз ин бемории ҳамагир фавтидаанд.

XS
SM
MD
LG