Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Apple ва Google пайгирии макони мубталоёни COVID-19-ро манъ мекунанд


Технологияи нави Apple ва Google барои пайгирии тамоси мубталоёни коронавирус ё COVID-19 иҷозат намедиҳад, макони будубоши онҳо дақиқ муайян карда шавад. Дар ин бора "Techcrunch" бо истинод ба таҳиягарони барнома иттилоъ додааст.

Ин ду бузургтарин ширкати ҷаҳонӣ ҳоло барномаеро коркард доранд, ки соҳиби телефонро дар бораи тамос доштанаш бо мубталои COVID-19 хабар медиҳад.

Apple ва Google 4-уми май гуфтанд, ки барнома ба дақиқ муайян кардани макони шахси мубтало иҷозат намедиҳад. Таҳиягарон бо ин кор мехоҳанд, махфӣ будани корбарони худро, аз ҷумла аз ҳукуматҳо ҳимоят кунанд, навиштааст хабаргузории Reuters.

Ин гуна барнома дар як қатор кишварҳо коркард мешавад. Ширкатҳо рӯзи душанбе намунаи санҷишии барномаро қабул карданд, ки барои бозори Бритониё аз сӯи Хадамоти миллии тандурустии ин кишвар таҳия шудааст, –​ менависад Би-би-сӣ.

Ширкатҳо барои коркарди ин гуна барнома ҳанӯз дар аввалҳои моҳи апрели соли равон ба созиш расида буданд. Тавре гуфта мешавад, корбарон худ хабар медиҳанд, ки озмоиши коронавируси онҳо мусбат баромад ва сипас телефонашон пинҳонӣ онҳоеро огаҳ хоҳад кард, ки бо мубталоён дар давоми ду ҳафтаи ахир шахсан тамос доштанд.

XS
SM
MD
LG