Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сардори раёсати тандурустии Хатлон бо шубҳаи илтиҳоби шуш бистарӣ шудааст


Миралӣ Раҷабзода, сардори раёсати тандурустии вилояти Хатлонро бо шубҳаи, ба гуфтаи манобеъ, бемории илтиҳоби шуш бистарӣ кардаанд. Афроди наздик ба ӯ мегӯянд, Раҷабзода рӯзҳои ахир таби баланд дорад.

Айни замон хабар дода мешавад, ки ронандаи ӯ зери карантин аст. Мақомот расман дар ин бора шарҳе надодаанд.

Ба иттилои расмӣ, дар вилояти Хатлон беш аз 400 нафар бо нишонаҳои илтиҳоби шуш бистарӣ карда шудаанд. Дар миёни онҳо ду хабарнигор низ ҳастанд, ки мегӯянд, шароити табобату нигоҳдорияшон "чандон хуб нест".

Хабаргузории "Азия-Плюс" шоми 4-уми май навишт, то ин дам дар вилоят 19 кас аз пневмония ҷон бохтанд.

Масъалаи илтиҳоби шуш дар Тоҷикистон баъд аз он доғ шуд, ки мақомот ба набудани бемории COVID-19 дар кишвар пофишорӣ доштанд, вале охири моҳи март баъд аз фавти як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов аз пневмония аъзои оилаашро ба карантин гирифтанд. Ҳамчунин мақомот талош карданд, ки ҷасади фавтидагон аз бемории илтиҳоби шушро ба наздиконашон надода, шитобкорона ва зери чораҳои сахт дафн кунанд.

Бонки Миллии Тоҷикистон рӯзи 1-уми май ғайримунтазира омори беморон ва фавтидагон аз илтиҳоби шушро дар чаҳор моҳи гузашта дар кишвар нашр кард ва онро дар ҳоли афзоиш тасвир намуд. Бонки Миллӣ мегӯяд, дар моҳҳои январу феврал ва марту апрели имсол 5489 кас ба илтиҳоби шуш ё пневмония гирифтор шуда, 95 нафар даргузаштаанд. Ин рақам назар ба омори чаҳор моҳи аввали соли гузашта 850 ҳолат зиёд будааст.

Баръакси ин, Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 23-юми апрел дар посух ба дархости ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфта буд, ки дар се моҳи аввали имсол 5023 нафар илтиҳоби шуш шудаанд, ки дар қиёс ба се моҳи аввали соли 2019-ум 169 ҳолат камтар аст.

XS
SM
MD
LG