Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажӯҳиш: 67%-и мардум дар Қирғизистон коронавирусро бе нишонае пушти сар мекунанд


Як пажӯҳиш нишон додааст, ки 67%-и мубталоёни коронавирус дар Қирғизистон бемориро бидуни нишонае пушти сар мекунанд.

"Бар асоси пажӯҳиши мо, 67 дарсади мубталоёни коронавирус бемориро бидуни нишонае пушти сар мекунанд. Вале бо вуҷуд ҳамаи онҳое, ки мубталошавияшон ба вирус тасдиқ мешавад, дар беморхона бистарӣ шуда, табобати лозимиро хоҳанд гирифт", - гуфт сардори Маркази назорати сироятҳои вирусӣ дар Қирғизистон Зуридин Нурматов.

Ба гуфтаи ӯ, агар беморӣ бидуни нишона ҳам пушти сар шавад ва мубталоён худро хуб низ ҳис кунанд, онҳо метавонанд дигаронро олудаи ин вирус намоянд.

"Ин бисёр хатарнок аст. Бинобар ин, метавон гуфт, ки ҳоло дар миёни сокинон мубталоёне низ ҳастанд, ки аз озмоиш нагузаштаанд", - афзуд ӯ.

Дар Қирғизистон шумори мубталоён ба коронавирус то 3 май ба 795 расид. Аз ин миён 564 кас аз беморхона рухсат шуда, 10 кас вафот карданд.

XS
SM
MD
LG