Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари Назарбоев аз мансаби раиси Сенат барканор карда шуд


Дариға Назарбоева
Дариға Назарбоева

Дариға Назарбоева, раиси Сенат ва духтари калонии раиси ҷумҳури пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, аз мансаби худ барканор карда шудааст.

Дафтари президент Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 2-юми май гуфт, Тоқаев "салоҳияти Назарбоеваро қатъ намуд".

Президенти Қазоқистон рӯзи шанбе дар Твиттер барои "кори пурсамар" ба Дариға Назарбоева сипос гуфт.

Назарбоеваи 57-сола моҳи сентябри соли 2016 бо фармони падараш вакили палатаи болоии порлумон -- Сенати Қазоқистон таъйин шуд.

То он дам ӯ тайи чанд сол муовини сарвазир буд. Дар Сенат кумитаи умури муносибатҳои байналхалқӣ, дифоъ ва амниятро раҳбарӣ мекард.

Назарбоева моҳи марти соли 2019, пас аз истеъфои падараш Нурсултон Назарбоев ва президенти муваққати Қазоқистон эълом шудани Қосимҷомарт Тоқаев (раиси пешини Сенат) раиси палатаи болоии порлумони он кишвар интихоб гашт.

Бино ба Қонуни асосии Қазоқистон, раиси Сенат шахси дувум дар ҷумҳурӣ аст ва дар сурати истеъфо ва ё фавти раиси ҷумҳури амалкунанда идораи давлатро ба даст мегирад.

XS
SM
MD
LG