Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садди обанборе дар Узбекистон рахна шуд. Сокинонро ба ҷои амн бурданд


Рӯзи 1-уми май сарбанди обанбори Сардоба, воқеъ дар вилояти Сирдарёи Узбекистон, рахна шуд. Кормандони вазорати ҳолатҳои фавқулодаи он кишвар сокинони маҳаллиро ба ҷои амн кӯчониданд.

Шоҳидон гуфтанд, об баъзе аз минтақаҳои аҳолинишинро зер кардааст.

"Соати 6-и субҳ бонги хатар зада шуд. Кормандони милиса фарёд мезаданд: "Бархезед, сӯи Ҷиззах шитобед, сарбанди обанбори Сардоба рахна шудааст". Манзили мо дар фосилаи як километр аз обанбор ҷойгир аст. Мо ҳуҷҷатҳоямонро гирифта, ба кӯча баромадем. Одамон дигар ҳам ба мошинҳо нишаста, фирор мекарданд. Об бо садои даҳшатовар наздик мешуд, мо ҳам ба мошин нишаста аз маҳалли зист берун шудем", - хабар дод як сокини маҳаллӣ. ​

Ба иттилои мақомоти Узбекистон, дар маҷмуъ беш аз 11 ҳазор сокини маҳаллӣ ба ҷои амн кӯчонида шудаанд.

Обанбори Сардоба соли 2017 бунёд шудааст. Ин обанбор ғунҷоиши 922 миллион мукааб обро дорад. Баландии он 28,8 метр аст.

XS
SM
MD
LG