Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон имтиҳонҳои хатм онлайнӣ баргузор мешаванд


Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон.
Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон.

Узбекистон бо назардошти таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ дар пайи паҳн шудани коронавирус тасмим дорад, имтиҳонҳои хатми донишгоҳҳоро тариқи онлайнӣ баргузор кунад. Дар ин бора президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 30 апрел дар як ҷаласа иттилоъ дод.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Узбекистон, дар ҷаласа ба зарурати такмили низоми қабули ҳуҷҷатҳо дар муассисаҳои таълимӣ ва имкони супоридани фосилавии ҳуҷҷатҳо тариқи интернет таъкид шудааст.

Мирзиёев ба шахсони масъул дастур додааст, ки ташкили имтиҳонҳои қабулро дар соли ҷорӣ дар шакли сода таъмин кунанд.

XS
SM
MD
LG