Мавзӯи коронавирус ва пешгирӣ аз густариши бемории COVID-19 рӯзи 30-юми апрел дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ шудааст.
Дар аксҳое, ки хадамоти матбуоти президент нашр кард, дида мешавад, вазирону раисони кумитаҳои давлатӣ аз якдигар дур нишаста, меъёри фосилагирии иҷтимоиро риоят мекунанд.
То ба имрӯз Тоҷикистон вуҷуди коронавирусро дар кишвар эътироф накарда буд ва аксари нишасту маҷлисҳо бе риояи меъёри фосилагирии иҷтимоӣ мегузаштанд.
Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 30-юми апрел эълон кард, ки дар кишвар 15 нафар ба коронавирус сироят шудаанд.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон шоми 30-юми апрел хабар дод, ки дастур шудааст барои пешгирӣ аз густариши коронавирус "чораҳои беҳдорӣ, поккории кӯчаю хиёбонҳо, биноҳо, манзилҳои зист ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум"-ро ба роҳ монанд.
Дар маҷлиси ҳукумат инчунин барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, кишти такрорӣ ва пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ба монанди селро баррасӣ кардаанд.