Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавлиди нохолиси миллӣ дар Амрико 4.8 дар сад кам шудааст


Ҷероме Повелл раиси Бонки Марказии Амрико.
Ҷероме Повелл раиси Бонки Марказии Амрико.

Пандемияи коронавирус сабаб шудааст, ки тавлиди нохолиси дохилӣ дар Амрико дар семоҳаи аввали имсол 4.8 дар сад коҳиш ёбад, коҳише, ки дар 6 соли ахир дида нашудааст. Коҳиши тавлиди нохолиси дохилӣ ба ин ҳад дар ҳолест, ки аксарияти иқтисоддонҳо тахмин мекарданд, ҳаҷми коҳиш фақат 3.5 дар садро ташкил хоҳад дод. Омори тоза дар бораи вазъи иқтисоди Амрико дар семоҳаи аввали имсолро рӯзи 29-уми апрел нашр карданд.

Бо маҳдуд шудани гаштугузор ва фаъолиятҳои иқтисодӣ дар Амрико аз охири моҳи март ва бекор мондани миллионҳо нафар, бисёриҳо интизоранд, ки хабарҳои баде аз вазъи иқтисоди Амрико дар пеш аст. Бонки Марказии Амрико рӯзи 29-уми апрел эълон кард, ки “аз тамоми абзорҳояш” истифода мекунад, ба иқтисоди аз коронавирус осебдида кӯмак расонад.

Баъди ҷаласаи дурӯза раҳбарони бонк гуфтанд, ки меъёри бозтамвил, яъне баҳрае, ки аз бонкҳо барои қарзҳои гирифтаашон мегиранд, дар ҳадди наздик ба сифр нигаҳ медорад. Ҷероме Повелл, мудири Бонки Марказии Амрико ба хабарнигорон гуфт, пандемияи коронавируси нав ба рушди иқтисодӣ дар соли оянда ҳам таҳдид мекунад. Баъди чанд ҳафтаи бастани корхонаву фурӯшгоҳҳо дар Амрико дар саросари ин кишвар бештар аз 26 миллион нафар бекор монданд.

XS
SM
MD
LG