Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давлати Олмон Ҳизбуллоҳро созмони террористӣ эълон кард


Яке аз тарафдорони Ҳизбуллоҳ акси раҳбари созмон Ҳасан Насруллоҳ ва Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ раҳбари олии Эронро дар даст дорад.
Яке аз тарафдорони Ҳизбуллоҳ акси раҳбари созмон Ҳасан Насруллоҳ ва Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ раҳбари олии Эронро дар даст дорад.

Давлати Олмон бо созмони террористӣ эълон кардани гурӯҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон фаъолияти онро дар қаламраваш манъ кард. Азбаски ин гурӯҳ аз тарафи Эрон ҳимоят мешавад, рақибони Ҷумҳурии Исломӣ, Амрикову Исроил аз ин қарор истиқбол карданд. Стив Алтер, сухангӯи вазорати умури дохилии Олмон рӯзи 30-уми апрел дар Твиттер навишт: «Ҳорс Сиҳофер, вазири умури дохилӣ созмони террористии шиамазҳаби Ҳизбуллоҳро дар Олмон мамнӯъ кард.»

Пештар аз ин пулиси Олмон дар вилояти Райн Вестфалияи Шимолӣ ва дар пойтахт шаҳри Берлин барои боздошти аъзои эҳтимолии созмон амалиёт доир кард. Олмон қаблан шохаи сиёсӣ ва воҳидҳои мусаллаҳи Ҳизбуллоҳро аз ҳам ҷудо мекард, ки дар ҷанги дохилии Сурия ба нерӯҳои раиси ҷумҳур Башшор Асад кӯмак мекунанд. Амрикову Исроил Ҳизбуллоҳро солҳо пеш созмони террористӣ эълон кардаанд. Ричард Гренел, сафири Амрико дар Берлин бо истиқбол аз қарори Олмон аз кишварҳои дигари Иттиҳодияи Аврупо хост, ки ба ин кишвар пайравӣ кунанд. Ҳукумати Исроил душмани ашаддии Эрон низ айни дархостро кардааст.

XS
SM
MD
LG