Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маргталабе се нафарро дар наздикии Кобул кушт


Марде пораҳои шикастаи тирезаро баъди таркиши интиҳорӣ тоза мекунад. Кобул, 29 апрели соли 2020
Марде пораҳои шикастаи тирезаро баъди таркиши интиҳорӣ тоза мекунад. Кобул, 29 апрели соли 2020

Вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, ки дар паи як таркиши интиҳорӣ дар наздикиҳои Кобул рӯзи 29 апрел се нафар кушта ва 15 тан маҷрӯҳ шуданд. Тариқ Ориён, сухангӯи вазорат бо нашри изҳороте гуфт, ки ҳамлагари интиҳорӣ рӯзи чоршанбе бомбаро дар миёни сокинони маҳаллаи Решхори ноҳияи Чоросиёб ба кор андохт. Чоросиёб дар 11-километрии шаҳри Кобул ҷойгир аст. Таркиш дар наздикиҳои як муассисаи низомӣ рух дод. Феълан маълум нест, ки масъулияти таркиш бо кӣ аст. Сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид гуфт, ки ин гурӯҳ санҷида истодааст, ки оё ин ҳамла кори аъзои онҳо аст ё на.

Ин дар ҳолест, ки баъди имзои созиши сулҳ миёни ИМА ва Толибон дар охири моҳи феврал талошҳо барои иҷрои шартҳои ин созиш идома дорад. Қаблан Толибон даъвати мақомоти Афғонистон барои хатми хушунатҳо ё оташбас дар моҳи Рамазонро рад карданд.

XS
SM
MD
LG