Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи Бонки Марказии ИМА натиҷагирӣ мешавад


Ҷероме Пауэлл, раиси Низоми захираҳои федеролии ИМА. Вашингтон, марти соли 2020
Ҷероме Пауэлл, раиси Низоми захираҳои федеролии ИМА. Вашингтон, марти соли 2020

Рӯзи 29 апрел Низоми захираҳои федеролӣ, ки дар ИМА вазифаи Бонки марказиро иҷро мекунад, мулоқоти нахустини худро баъди дар миёнаҳои моҳи март дар вокуниши сареъ ба пандемияи коронавирус ба сифр баробар кардани мафоди бонкӣ натиҷагирӣ мекунад. Қарор аст ҷаласаи дурӯзаи Кумитаи федеролии бозори боз дар Вашингтон бо нишасти матбуотӣ хотима ёбад. Қарор аст дар ин ҷаласа раиси низоми захираҳои федеролӣ Ҷероме Пауэлл дар бораи дурнамои қарзҳои бонкӣ иттилои бештар бидиҳад. Бонки марказии ИМА талош дорад, ки пулҳои бештари нақдро ба иқтисоди ИМА ҷалб кунад ва яке аз ин корҳо чопи бештари пул мебошад. Инчунин интизор меравад, ки ӯ дар бораи нақшаҳои кӯмак дар наҷоти иқтисоди ИМА изҳори назар бикунад.

XS
SM
MD
LG