Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдори Прага баъди таҳдиди заҳролудшавӣ зери ҳимояти полис аст


Шаҳрдори Прага Зденек Ҳриб
Шаҳрдори Прага Зденек Ҳриб

Мири шаҳри Прага тасдиқ кард, ки шабонарӯзӣ таҳти ҳимояти полиси Ҷумҳурии Чех аст. Қаблан як маҷаллаи чехӣ хабар дод, ки шаҳрдори Прага ва раиси ҳукумати ноҳияи Прага-6 метавонанд мавриди ҳадаф қарор бигиранд. Шарҳдори Прага Зденек Ҳриб рӯзи 27 апрел дар мусоҳиба бо радиои русии “Эхо Москвы” гуфт, ки воқеан ҳам чанд ҳафта пеш баъди маълум шудани вуҷуди таҳдид ба ҷонаш полис ӯро таҳти ҳимоят гирифт.

Қаблан маҷаллаи чехии “Респект” гуфт, ки Ҳриб ва раиси Прага-6 Ондржей Коларж мавриди ҳадафи заҳролудшавии ҷосусони рус қарор гирифтаанд. Вазири хориҷаи Чех Томаш Петричек сафири Русия дар Прагаро алайҳи ҳама гуна паёмадҳо ҳушдор дод. “Респект” бо такя ба манбае дар хадамоти иктишофии Ҷумҳурии Чех гуфт, ки як афсари хадамоти ҷосусии Русия се ҳафта пеш бо шиносномаи дипломатӣ вориди Чехия шуд ва дар ҷомадонаш заҳри навъи рисин дошт. Мақомоти Чех гуфтанд, ки иқдомҳои ахири Прага Маскавро асабонӣ кардааст. Дар чанд моҳи гузашта мақомоти Прага кӯчае дар наздикии сафорати Русия дар Прагаро ба ёди сиёсатмадори кушташудаи рус Борис Немтсов тағйир дода, муҷассамаи маршали рус Коневро бардоштанд. Рӯзи 27 апрел Дмитрий Песков сухангӯи президенти Русия Владимир Путин ин иттҳомотро ҳамчун бепоя ва “як дурӯғ” рад кард.

XS
SM
MD
LG