Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз Олмон 27 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ мехарад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим дорад, ки аз Олмон 27 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ бихарад.

Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" 28-уми апрел бо такя ба қавли мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Ин бахше аз омодагӣ ба муқобила бо паҳншавии эҳтимолии коронавирус будааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳукумати Тоҷикистон ба ин ҳадаф 11,2 миллион сомонӣ (баробар ба 1,12 миллион доллар) барои хариди таҷҳизоти тиббӣ, дору ва маводи ҳифозатӣ ҷудо кардааст.

Созишнома бо ширкати "Сифат Фарма" барои ворид кардани 27 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ аз Олмон ва 95 навъи дору, таҷҳизоти тиббӣ ва тестҳо имзо шудааст.

Дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба "Интерфакс" гуфтаанд, ин ширкат аллакай бархе аз таҷҳизот ва доруро ворид кардааст.

Бо дастури мақомот, дар ҳоли ҳозир 14 ширкат ниқобҳои тиббӣ ва либосҳо таҳия мекунанд. Бар илова, 10 корхонаи маҳаллӣ маҳлулҳо истеҳсол менамоянд.

То ҳоло ҳукумати Тоҷикистон вуҷуди бемории КОВИД-19-ро дар қаламрави кишвар рад кардааст.

Ҳафтаҳои охир бемории илтиҳоби шуш ё пневмония дар кишвар афзоиш ёфтааст. Марги пайиҳами чанд нафар аз ин беморӣ дар Душанбе ва вилояти Хатлону Суғд сокинонро нигарон кард. Мақомоти Вазорати тандурустӣ гуфтанд, шумораи беморони илтиҳоби шуш дар се моҳи аввали имсол дар дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 169 ҳолат камтар аст. Вале онҳо дар бораи шумораи беморон ва фавтидагон аз пневмония дар моҳи апрел ҳеч иттилоъ надодаанд.

XS
SM
MD
LG