Кореяи Ҷанубӣ бо як ҳавопаймои вижа ба Тошканд васоили тиббӣ ирсол кард, ки арзишаш 1 миллион доллар мебошад. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд.
Ба ҷуз ин, бо 250 ҳазор доллари вазорати корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ 20 ҳазор адад василаи ташхис харидорӣ ва бо ҳавопаймои мазкур ба Узбекистон оварда шудааст.
Нахустин кӯмаки башарии иборат аз дастгоҳҳои олии тиббӣ, рахтҳои тиббии худкор ва василаҳои ташхис, ки 6,2 тонаро ташкил медод, тавассути ширкати ҳавопаймоии "Uzbekistan Airways" оварда шуд.
Гуфта мешавад, дастгоҳҳо ва василаҳои аз Корея оварда шуда дар Узбекистон барои пешгирӣ ва мубориза бо коронавирус истифода мешаванд.