Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ғарби Қазоқистон карантинро сабуктар карданд


Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.
Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти вилояти Қазоқистони Ғарбӣ хабар доданд, ки маҳдудиятҳои ҷоришуда дар минтақа бинобар коронавирусро сабуктар мекунанд. Ҳаракати автобусҳои мусофирбар дар шаҳр аз сар гирифта шуда, ба сокинон иҷозат медиҳанд, ки ба масофаи на он қадар дур аз хона бароянд. Шаҳрдори Уралск Абат Шинибеков иттилоъ дод, ки ҳаракати автобусҳо аз 28-уми апрел оғоз мешавад. Автобусҳо ҳамакнун аз соати 6-и субҳ то 8-и шом ҳаракат хоҳанд кард.

"Мардум метавонанд барои сайру гашт ба берун бароянд, аммо танҳо дар наздикиҳои хонаҳояшон. Ҳамчунин сайругашт танҳо дар ҳайати се нафар бо дастпӯшу ниқоби тиббӣ иҷозат дода мешавад",-афзуд ӯ.

Мақомот ҳамчунин ҷадвали берун рафтани сокинон ба хонаҳои берун аз шаҳри худро тартиб додаанд.

"Соҳибони мошинҳое, ки рақами давлатияшон бо рақами ҷуфт сар мешавад, рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва шанбе метавонанд аз соати 9 субҳ то 7 бегоҳ ба берун аз шаҳр раванд. Мошинҳое, ки рақами давлатияшон бо адади тоқ сар мешавад, рӯзҳои чоршанбе, ҷумъа ва якшанбе аз шаҳр берун хоҳанд рафт",-илова кард шаҳрдор.

Дар ин вилояти Қазоқистон аз 30 март карантин эълом шуда, 13 апрел муҳлати он тамдид гашт. Дар ҳудуди вилоят бозорҳо баста ва соати фаъолияти бонкҳо кам карда шуд. Ҳамчунин ба сокинон амр шуд, ки аз хонаҳои худ ҳаққи дур рафтанро надоранд.

Дар Қазоқистони Ғарбӣ то ҳол 122 кас ба коронавирус мубтало шуда, аз ин миён 7 касро ба карантини хонагӣ фиристодаанд.

XS
SM
MD
LG