Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сирояти коронавирус дар парваришгоҳи кӯдакони маълул дар Белорус


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ади Роше, бунёдгузори як муассисаи хайрия дар Белорус, паҳншавии коронавирус дар парваришгоҳи зери ҳимояти ин муассисаро "такондиҳанда" ё изтиробангез хондааст.

Дар парваришгоҳи "Веснова" дар минтақаи Ҳлуск тақрибан 170 кӯдаку ҷавони маъюб ба сар мебаранд.

Мақомоти маҳаллӣ тасдиқ карданд, ки коронавирус рӯзи ҷумъа ба парваришгоҳ сироят карда, вале нагуфтанд, чанд кас мубтало шудааст.

Би-би-сӣ гузориш дод, ки шумори мубталоён бо шумули 13 кӯдак ба 23 тан мерасад.

XS
SM
MD
LG