Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдукаримов: Беморони коронавирус бепул табобат мегиранд


Собирҷон Абдукаримов
Собирҷон Абдукаримов

Собирҷон Абдукаримов, вазири тандурустии Қирғизистон, 25-уми апрел гуфт, ки беморони коронавирус дар ин кишвар бепул табобат мегиранд. Б а қавли вазир, харҷи муолиҷаи гирифторонро давлат мепардозад.

"Вобаста ба навъи беморӣ (сабук, миёна, вазнин ва хеле вазнин) табобат мешаванд. Арзиши табобат ба нафарони бемориашон сабук тақрибан 8 ҳазор сом, беморони вазъашон миёна беш аз 16 ҳазор сом, беморони вазнин беш аз 74 ҳазор сом ва беморони хеле вазнин беш аз 118 ҳазор сом хоҳад буд", - шарҳ дод ӯ.

Аз ин пеш муовини вазири тандурустӣ Нурболот Усенбоев гуфта буд, арзиши табобати як бемор дар Қирғизистон 3 ҳазор доллар аст.

Ин ибрози назари ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷи эътирози мардумро ба бор овард.

Дертар дар Вазорати тандурустии Қирғизистон гуфтанд, ба ҳисоби миёна барои як нафари сироятшуда ба COVID-19 аз 8 то 120 ҳазор сом харҷ мешавад.

Ин маблағ харидани доруҳо, ҷойи табобат, маслиҳати пизишкон ва таҳқиқу санҷишро дар бар мегирад.

XS
SM
MD
LG