Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупову ИМА барои муқобила бо коронавирус миллиардҳо доллар ихтисос медиҳанд


Нахуствазири Булғористон Бойко Борисов дар конфронси видеоии Иттиҳоди Аврупо иштирок мекунад
Нахуствазири Булғористон Бойко Борисов дар конфронси видеоии Иттиҳоди Аврупо иштирок мекунад

Маҷлиси намояндагони ИМА тахминан 500 миллиард доллар ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо 1 триллион евроро барои муқобила бо паёмадҳои коронавирус ихтисос диҳанд.

То ҳол дар саросари ҷаҳон 2,7 миллион нафар ба коронавирус мубтало шуда бар асоси омори Пажӯҳишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, 191 нафар ҷон додааст. Аз инҳо 100 ҳазор нафар дар Аврупо ва 47 ҳазор нафар дар ИМА ба сар мебаранд. Бовар меравад, ки шумори воқеии гирифторон аз ин ҳам зиёд мебошад. Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ки дар панҷ ҳафтаи гузашта дар ин кишвар 24 миллион нафар бекор монда ҳисобҳои аврупоиҳо ин аст, ки дар паи пандемияи коронавирус иқтисоди ин кишвар 15 дарсад осеб мебинад.

Дар кишварҳои аврупоии мисли Олмону Ҷумҳурии Чех, ки то ҳол ҳодисаҳои олудашавиву марги инсонҳо афзоиш меёбад, ҳукумат ба сабуктар кардани муқаррарот - аз дубора боз шудани фурӯшгоҳҳои калону тарабхонаҳо хабар медиҳанд.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, ки то замони пайдо шудани воксинаи зидди коронавирус тадбирҳои шадиди маҳдудкунанда бояд ҳифз шаванд. Вагарна, ба гуфтаи ин созмон, коҳиши тадриҷии нишондодҳо халалдор шуда, мавҷи нави гирифторӣ ба вирус бармегардад. Дар шароити маҳдудиятҳои марбут ба пандемия мусалмонони ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон рӯзи 24 апрел моҳи Рамазонро пешвоз гирифтанд.

XS
SM
MD
LG