Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши хушунатҳои хонаводагӣ. Дар Бишкек марказҳои буҳрониро боз мекунанд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Коменданти шаҳри Бишкеки Қирғизистон Алмосбек Оразалиев хабар дод, ки дар давраи вазъи фавқулода хушунати хонаводагӣ дар ин кишвар 61,7 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи ӯ, аз 24-уми март то 24-уми апрели соли равон 162 ҳолати хушунати хонаводагӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳамин давраи муайяни соли гузашта 100 ҳолат сабт гаштааст.

"Бо назардошти афзоиши хушунати хонаводагӣ тасмим дорем, масъалаи боз кардани марказҳои буҳрониро баррасӣ кунем. Омодаем амнияти ин марказҳо ва бошандагонашонро таъмин намоем",-афзуд Оразалиев.

Қаблан Вазорати умури дохилии Қирғизистон иттилоъ дод, ки аз моҳи январ то моҳи марти соли равон дар робита ба хушунати хонаводагӣ 2319 шикоят қабул кардаанд. 95 дарсади осебдидаҳо занони аз 21 то 50-сола ҳастанд.

Ахиран Созмони Милали Муттаҳид низ иттилоъ дод, ки шумораи ҳолатҳои хушунати хонаводагӣ дар саросари дунё дар давраи коронавирус афзоиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG