Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар давраи карантин хориҷиҳоро ихроҷ ё берун намекунад


Фурудгоҳи “Внуково”дар Маскав. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехостанд ба ватан баргарданд, то дер дар фурудгоҳ мунтазир монда баъдан бо сабаби қатъи парвозҳо аз фурудгоҳ берун карда шуданд. 24 марти соли 2020
Фурудгоҳи “Внуково”дар Маскав. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехостанд ба ватан баргарданд, то дер дар фурудгоҳ мунтазир монда баъдан бо сабаби қатъи парвозҳо аз фурудгоҳ берун карда шуданд. 24 марти соли 2020

Вазорати умури дохилии Русия гуфт, дар замони пандемияи коронавирус шаҳрвандони хориҷиро аз қаламрави ин кишвар ихроҷ ваё санадҳои онҳоро бекор намекунанд. Дар ин бора оҷонсии русии ТАСС бо истинод ба раҳбари сарраёсати умури муҳоҷирати ВКД Русия Валентина Казакова хабар дод, ки рӯзи 23 апрел дар як нишасти хабарӣ дар Маскав иштирок кард.

Казакова гуфт, “дар ин фурсат дар нисбати шаҳрвандони хориҷӣ қарорҳои марбут ба депортатсия, ихроҷ ваё ҳузури номатлуб қабул намешавад, инчунин санадҳое, ки дар дасти шаҳрвандони хориҷӣ ҳаст, бекор намешавад. Манзур виза, иҷозати кор, патент, иҷозаи иқомати муваққат ва ҳақи иқомат аст”.

Ин изҳорот дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта президенти Русия Владимир Путин бо нашри қароре ба муҳоҷирони хориҷии корӣ то 15 июн иҷоза дод, ки бидуни қайди расмиву пардохти пули патент дар Русия ба сар баранд. Аз сӯи дигар, дар сурати хоҳиши ба ватан баргаштани муҳоҷирони дармонда дар шароити карантини Русия, ки аз камбуди пулу кор ва даромад азият мешаванд, роҳҳои ҳавоиву заминӣ масдуд буда, феъдан имкони тарки кишвар вуҷуд надорад.

Казакова ҳам дар шарти ин муқаррарот гуфт, кордиҳанда ҳақ дорад, ки коргари хориҷиро бе санади иҷозати расмӣ ба кор қабул кунад. Ӯ гуфт, “яъне, агар шаҳрванди хориҷӣ ба Русия бо ҳар мақсаде омадааст, ҳақ дорад, ки аз 15 март то 15 июн бидуни санадҳои иҷозадиҳанда кор кунад. Танҳо тафовути андаке миёни шаҳрвандоне, ки бар асоси виза ваё бевиза омадаанд, вуҷуд дорад”.

Ба гуфтаи ӯ, агар шаҳрванди хориҷӣ ба Русия бар асоси виза омадааст, кордиҳанда бояд иҷозаи ба кор ҷалб кардани нирӯи кории хориҷиро дошта бошад, ки қаблан ба даст овардааст. Ба қавли Казакова, агар шаҳрванд бидуни виза омадааст, яъне инҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбекистон, Молдова, Украина ва Озарбойҷон мебошанд, ҳақ доранд бидуни патент кор кунанд, вале кордиҳанда вазифадор аст, ки дар ин бора идораҳои муҳоҷирати ВКД-и Русияро огоҳ кунад.

Ӯ афзуд, ки ин кор ба хотири арзёбии вазъи бозори кор муҳим аст. “Мо вазъи муҳоҷиратро назорат ва дар ҳамкорӣ бо кордиҳандагон кор мекунем”.

Русия макони муҳими кору даромади шаҳрвандони Тоҷикистон аст. Дар паи паҳн шудани коронавирус ва ҷорӣ шудани муқаррароти карантинӣ дар Русия, ҳазорҳо тоҷикон дар ин кишвар мисли дигар аъзои ҷомеа дар инзиво монданд. Бисёр корхонаҳо бекор монда муҳоҷирон ҳам аз даромад маҳрум шудаанд.

Дар Русия шумори олудашудаҳо ба коронавирус беш аз 63 ҳазор нафар ва ҳодисаҳои марг бар асари Ковид-19 рӯзи 24 апрел 555 нафарро ташкил дод. Дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам мебошанд.

XS
SM
MD
LG