Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози коргарони қазоқ: "Дар давраи коронавирус кор намекунем"


Гурӯҳе аз коргарони қазоқ.
Гурӯҳе аз коргарони қазоқ.

Шоми 19-уми апрел дар яке аз шаҳракҳои вилояти Атирауи Қазоқистон, ки нафткашҳои ширкати "Тенгизшевройл" зиндагӣ доранд, эътироз сар зад.

Эътироз баъди овардани чандин коргар аз шаҳракҳое сар зад, ки вируси корона он ҷо сабт шуда аст.

Коргарон аз мубтало шудан ба вируси корона ҳарос доранд. Дар наворе, ки дар шабакаҳо нашр шуд, эътирози коргарон дида мешавад.

Субҳи 20-уми апрел наздики 500 тан аз коргарони "Тенгизшевройл" аз тарси мубтало шудан ба вируси корона нахостанд, ба кор бароянд.

Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ҳамаи коргаронро аз ташхис гузаронидаанд ва натиҷаи ташхисҳо 22-юми апрел мушаххас мешавад.

Сар аз 20-уми апрел корхонаҳои саноатӣ дар шаҳрҳои Алмато ва Нурсултон дубора ба фаъолият мепардозанд. Ҳолати фавқулода дар Қазоқистон то охири моҳи апрел идома мекунад. Дар он кишвар аз вируси корона 19 кас фавтида, 1852 тан дар маҷмуъ мубтало шудааст.

XS
SM
MD
LG