Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон муҳоҷирони кориашро аз Имороти Муттаҳидаи Араб бозпас меорад


30 март. Ходими тиб вуҷуди коронавирусро дар ронандае мавриди санҷиш қарор додааст
30 март. Ходими тиб вуҷуди коронавирусро дар ронандае мавриди санҷиш қарор додааст

Покистон гуфт, ки ҳазорҳо шаҳрвандашро дар пасманзари пандемияи коронавирус аз Имороти Муттаҳидаи Араб ба ватан бармегардонад. Иморот гуфт, агар чунин нашавад, қарордоди кор бо Покистонро бозбинӣ мекунад. Сухангӯи вазорати хориҷии Покистон Оиша Фаруқӣ рӯзи 19 апрел гуфт, ки бахши сеюми бозпасгардонии шаҳрвандони ин кишвар аз Иморот аз 20 то 28 апрел идома мекунад. Қарор аст дар ин муддат аз Покистон ба Иморот 14 парвоз анҷом шавад. Барои бозгашт ба ватан беш аз 40 ҳазор шаҳрванди Покистон дар назди консулгариҳои кишвар номнавис шудаанд. Покистон яке аз муҳимтарин кишварҳои таъминкунандаи нирӯи корӣ ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ буда, дар ин кишвар беш аз як миллион покистонӣ кор мекунад. Мақомоти Иморот гуфтанд, ки агар кишварҳо шаҳрвандонашонро бозпас нагиранд, қарордоди кориро бозбинӣ мекунад. Бо сабаби пандемияи коронавирус дар Иморот ҳазорҳо муҳоҷирони корӣ бепулу даромад мондаанд. Ин кишвар ва дигар давлатҳои Халиҷ гузориш доданд, ки шумори мубталоёни коронавирус дар миёни муҳоҷирони корӣ афзоиш меёбад. Покистон гуфтааст, ки василаҳои санҷишиву муасссисаҳои карантинии нокофӣ дорад ва аз он дар ҳарос аст, ки мавҷи нави баргаштаҳо боиси афзоиши шумори беморон дар кишвар хоҳад шуд. Пандемия инчунин ба даромади кишвар аз ҳисоби интиқолҳои пулии муҳоҷирон таъсиргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG