Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мӯҳлати карантини табибони тоҷикро дароз карданд


Беморхонаи марказии ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулов, 8-уми апрели соли 2020
Беморхонаи марказии ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулов, 8-уми апрели соли 2020

Раёсати тандурустии вилояти Суғд муҳлати карантини 11 табибу парастореро, ки як сокини фавтидаи вилоятро нигоҳубин мекарданд, барои 7 рӯзи дигар дароз кард. Ҳабибулло Шодиеви 60-сола рӯзи 31-уми март дар бемористони ноҳияи Ҷаббор Расулов, бо аломатҳои бемории илтиҳоби шуш фавтид.

Алишер Абдукаримов муовини сартабиби бемористони Ҷаббор Расулов, ки худаш дар карантин аст, 18-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, “азбаски дар шуъбаи эҳёгарӣ бо бемор Шодиев наздикӣ доштем, муҳлати карантин боз тамдид карда шуд”. Вай афзуд: “Рӯзи якшанбе 19-уми апрел муҳлати дар карантин мондани мо 14 рӯзи расо мешуд ва ба хонаҳоямон бармегаштем, аммо гуфтанд, ки азбаски баъди марги бемор мо се рӯз таб доштем, барои ҳамин дароз карданд”.

Алишер Абдукаримов афзуд, карантин ба ҳамаи 11 нафаре табибу парасторе, ки Ҳабибулло Шодиевро нигоҳубин мекарданд, дахл дорад. Уткир Ҳабибуллоев фарзанди Ҳабибулло Шодиев дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи якшанбе мӯҳлати карантини онҳо анҷом меёбад ва онҳо ба назди пайвандонашон бармегарданд. Вай гуфт, ҳамаи 18 нафар наздиконаш, ки дар карантин буданд, сиҳату саломатанд.

Аз бемории илтиҳоби шуш фавтидани Ҳабибулло Шодиев, сару садо ва шубҳаву гумон дар бораи сирояти вируси нав дар вилояти Суғдро барангехт, вале мақомот гуфтанд, ки барои эҳтиёт тамоми хешовандони бемор ва табибонеро, ки ӯро муолиҷа мекарданд, барои муоинаи доимии 14 рӯза дар карантин нигаҳ медоранд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар кишвар то кунун ягон мавриди сирояти КОВИД-19 сабт нашудааст.

XS
SM
MD
LG