Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуруҳе аз табибони чинӣ вориди Қирғизистон шуданд


Табибони чинӣ.
Табибони чинӣ.

Рӯзи 20-уми апрел гуруҳе аз табибони чинӣ вориди Қирғизистон шуданд. Аз хадамоти матбуотии ҳукумати Қирғизистон хабар доданд, ки табибони чинӣ дар мубориза зидди коронавирус кумак мерасонанд ва таҷрибаи худро ба мутахассисони қирғиз меомӯзонанд.

Ахиран аз Лаҳистон ҳам гуруҳе аз табибон ба Қирғизистон омада буданд. Ба иттилои вазорати тандурустии Қирғизистон, табибони лаҳистонӣ дар бемористони касалиҳои гузарандаи шаҳри Бишкек то 27- апрел фаъолият хоҳанд кард. Баъдан онҳо ба вилоятҳои Ӯшу Ҷалолобод хоҳанд рафт.

Дар маҷмуъ, дар Қирғизистон то рӯзи 20-уми апрел 568 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст. Дар як рӯзи охир 68 гирифтори вирус баъди муолиҷа аз бемористонҳо рухсат шудаанд. Дар ин бора аз вазорати тандурустии Қирғизистон хабар доданд.

XS
SM
MD
LG