Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарфи назар аз карантин дар корхонаи мошинсозии Хоразм кор давом дорад


Корхонаи мошинсозӣ дар Узбекистон.
Корхонаи мошинсозӣ дар Узбекистон.

Сарфи назар аз он ки Комисияи вижаи мубориза бо вируси корона ҷамъшавии бештар аз 3 касро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ кард, коргарони корхонаи мошинсозии Хоразмро иҷборан ба кор даъват кардаанд. Дар ин корхона бештар аз ҳазор кас кор мекунад.

Як коргар ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, дар корхонаи мазкур, ки мошинҳои навъи Chevrolet Damas ва Chevrolet Labo истеҳсол мекунад, сар аз оғози апрел садҳо коргар бе он ки ба хонаҳояшон раванд, кор мекунанд.

"Давоми 15 рӯз 500 коргар дар корхона, бе он ки хонаҳояшон раванд, кор кард. 15-уми апрел моро гуруҳи коргарони дигар иваз карданд. Ҳеҷ кадом аз коргарон бинои корхонаро тарк намекунанд. Агар касе гирифтори вирус шавад, эҳтимол дорад, ки дигаронро ҳам мубтало кунад",-гуфт ин коргар.

Дар наворе, ки субҳи 15-уми апрел сабт шудааст, дида мешавад, чи гуна як гуруҳи коргарон гуруҳи дигарро иваз мекунанд.

Коргари дигари корхона гуфт, онҳоро маҷбур мекунанд, ки дар рӯз то 12 соат кор кунанд.

"Аз соати 7 субҳ то 10 бегоҳ кор мекунем. Баъзан 13-14 соат ҳам кор мефармоянд. Вале 8 соати корӣ ҳисоб карда, барои ҳамин миқдор соат маош медиҳанд",-гуфт коргари дувум.

Ёвари мудири корхонаи мошинбарории Хоразм, ки нахост номашро зикр кунад, гуфт, "ба далели карантин коргарон дар корхона нигаҳ дошта мешаванд. Коргарон се вақт бо ғизо таъминанд".

Корхонаи истеҳсоли мошин дар вилояти Хоразм соли 2014 таъсис шуд. Солона ин корхона то 50-60 ҳазор мошин истеҳсол мекунад.

XS
SM
MD
LG