Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон омодагиҳо ба маросими "Ҳаҷ-2020"-ро боздошт


Каъба. Моҳи марти 2020
Каъба. Моҳи марти 2020

Навбати узбекистонҳо барои иштирок дар маросими "Ҳаҷ-2020", ки имсол ба иллати коронавирус баргузор намешавад, дар соли оянда ҳифз шуда, онҳо метавонанд соли 2021 ба зиёрати Хонаи Худо ба Арабистони Саудӣ бираванд. Дар ин бора мақомоти Кумитаи дини Узбекистон хабар доданд.

Дар изҳороти кумита аз 16-уми апрел омадааст, ки Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ бо ирсоли нома ин ниҳодро огаҳ кардааст, то омодагиҳо ба маросими ҳаҷҷи имсола бекор карда шаванд.

"Вазъ дар шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳукуматро водор сохт, ки чораҳои қотеона биандешанд ва бинобар ин, сафари зоирон аз тамоми кишварҳо барои адои ҳаҷ боз дошта шуд", - омадааст дар нома.

Кумитаи дини Узбекистон дар идома афзудааст, "агар вазъ дар Арабистони Саудӣ то маросими ҳаҷ беҳбуд наёбад, навбати сокинон барои иштирок дар он ҳифз хоҳад шуд".

XS
SM
MD
LG