Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афсари баландпояи амниятии Украина “нақша дошт вазири дохилиро бикушад”


Генерал-майор Валерий Шайтанов боздошт шуд. 14 апрели соли 2020
Генерал-майор Валерий Шайтанов боздошт шуд. 14 апрели соли 2020

Як мақоми украинӣ гуфт, ки афсари баландпояи хадамоти амниятии Украина дар ҳамкорӣ бо ФСБ ё Хадамоти амнияти федеролии Русия нақша дошт ба ҷони вазири умури дохилии Русия Арсен Аваков сӯиқасд анҷом диҳад. Антон Ҳерашенко, муовини вазири умури дохилии Украина дар мусоҳибаи телевизионие, ки рӯзи 16 апрел нашр шуд, гуфт, генерал-майор Валерий Шайтанов аз Хадамоти амнияти Украина нақшаи куштори Аваков ва Адам Осмаев, як пешвои ихтиёриёни чеченро, ки дар шарқи Украина дар муқобили ҷудоиталабони рӯ ба Русия ҷангидааст, таҳия намуд.

Субҳи он рӯз СБУ хабар дод, ки як гумонбари дигари ҳамкор бо Шайтанову ФСБ-ро низ боздошт кард, ки дар гузашта афсари амниятӣ будааст. Шайтанов рӯзи 14 апрел бо иттиҳоми хиёнат ба давлат ва терроризм боздошт шуд.

Рӯзе баъди ин ФСБ гуфт, ки як зани низомии рус ва як украиниро дар минтақаи ишғолшудаи Қрим бо иттиҳоми ҷосусии эҳтимолӣ ба манфиати Украина боздошт намуд. Равобити Украинаву Русия аз соли 2014 ба ин сӯ дучори мушкил буда, Русия нимҷазираи Қримро ишғол кардааст. Дар низоъҳои мусаллаҳона дар шарқи Украина дар шаш соли охир 13200 нафар кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG