Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути як ҳавопаймои низомӣ дар Қарағандаи Қазоқистон


Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.
Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Дар ноҳияи Бухар-Жирауи вилояти Қарағанда ҳавопаймои "МиГ-31"-и Вазорати дифои Қазоқистон суқут кард. Ба гуфтаи мақомот, ҳодиса 16-уми апрел ҳангоми парвози нақшавӣ рух додааст.

Дар дохили ҳавопаймо ду кас ҳузур дошта, ҳар дуи онҳо зиндаанд. Ба огаҳии Вазорати дифои Қазоқистон, яке аз муҳаррикҳои ҳавопаймо баъди парвоз оташ гирифтааст.

Дар робита ба ин ҳодиса бо дастури вазири дифои Қазоқистон комиссияи махсус ташкил шуда, тафтишот оғоз шудааст.

XS
SM
MD
LG