Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп дастурамал барои бозкушоии иқтисоди ИМА-ро эълон хоҳад кард


Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико.

Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки рӯзи 16-уми апрел раҳнамуд ё дастурамалеро барои бозкушоии иқтисоди он кишвар эълом хоҳад кард. Ин дар ҳоле аст, ки шуморе аз кишварҳои аврупоӣ маҳдудиятҳои ҷоришуда бинобар коронавирусро коҳиш медиҳанд.

Доналд Трамп рӯзи 15-уми апрел гуфт, ки нишонаҳое аз убури ин кишвар аз авҷи мавридҳои гирифторӣ ба вирус дида шудааст. Ин дар ҳоле аст, ки то кунун беш аз 31 ҳазор нафар дар Амрико бар асари ин беморӣ ҷон бохта, шумораи гирифторон аз 630 ҳазор нафар бештар шудааст. Тибқи иттилои Пажӯҳишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, ин баландтарин омор дар сатҳи ҷаҳон ба шумор меравад.

Раҳбарони тиҷоратӣ ва мутахассисони пизишкии Амрико ба президент ҳушдор додаанд, ки қабл аз онки афрод бо итминони хотир ба кори худ баргарданд, озмоиш ва таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ, лозим аст.

Ба гуфтаи Трамп, ҳадаф аз эъломи дастурамалҳои нав ин аст, то роҳ барои коҳиши маҳдудиятҳо дар бахшҳое, ки интиқоли вирус дар он поин аст, боз шавад. Аммо гуфта шудааст, маҳдудиятҳо дар минтақаҳое, ки сахт осеб дидаанд, идома меёбад.

Тибқи омори Пажӯҳишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, дар ҳоли ҳозир шумораи гирифторон ба коронавирус дар саросари ҷаҳон ба беш аз 2 миллион нафар расида, зиёда аз 137 ҳазор нафар бар асари ин беморӣ ҷон бохтаанд. Ин беморӣ охири соли гузашта дар Чин хуруҷ кард ва ба аксарияти кишварҳои ҷаҳон сироят намуд.

XS
SM
MD
LG